Барнома барои иҷроиши фармоишҳои гуногун имконият медиҳад. Агар одамон ё ки борро кашониданӣ бошед, автомобил лозим мешавад. Барои устоҳои хизматҳои маишӣ, курйерҳои пиёда ва дигар мутахассисон кор ҳаст. Бақайдгирии зудро гузаред, барномаро боргирӣ кунед ва ба шумо фармоишҳо аз он соҳае, ки интихоб кардед, дастрас мегарданд.
Дар барнома иттилоот дар бораи фармоиш ҳаст, аз он ҷумла арзиш ва усули пардохти он. Истифодабарандагони бештар намуди ғайринақдии ҳисоббаробаркуниро интихоб мекунанд - он ҳам ба иҷрокунанда, ҳам ба фармоишгар қулай аст.
Ҳаққи хизматрасонӣ аз минтақа, иқдомҳои рекламавии гузаронидашаванда, шартҳои хизматрасонӣ вобаста аст. Ҳамеша имконитяи бо фоизи паст кор кардан ҳаст. Барнома ҳамеша маблағи саҳеҳро, ки шумо барои фармоиш мегиред, намоиш медиҳад